- бол
- I[بال]асоси замони ҳозираи болиданII[بال]1. узве, ки парандаҳо ва баъзе ҳашарот ба воситаи он парвоз мекунанд, қанот2. қисми ба ду тараф паҳншудаи ҳавопаймо; болу пар а) қанот; б) маҷ. қувва(т), иқтидор, тавон; в) маҷ. такягоҳ, пушту паноҳ; болу пар бароварда… киноя аз шитобон, бо майлу рағбати зиёд (мас., омадан, рафтан ба ҷое); бол афшондан // бол задан // бол кушодан паридан, парвоз кардан; боли касеро кандан киноя аз касеро оҷизу нотавон кардан (мисли мурғи беболу пар); болу пар бахшидан қуввату тавоноӣ додан; ба воя расондан, ба камол расондан; болу пар задан дар талаби чизе (мас., илму дониш) саъю кӯшиш кардан барои ба даст даровардани чизе; болу пар шикастан аз болу пар ҷудо шудан; қобилияти парвозро гум кардан; аз болу пар ҷудо шудан маҷ. бекасу бепаноҳ шуданIII[بال]кит. дил, қалб; хотир; ба фароғи бол фориғболона, хотирҷамъона, бо хотири ҷамъ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.